Дидгоҳи САҲА дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон
Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъкид кард: “низоми сиёсии Тоҷикистон бояд дар муқаррароти вижа ва имтиёзоте, ки ба раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон эъто кардааст, таҷдиди назар кунад”.
Ба гузориши сомонаи Спутник, бо гузашти 3 моҳу 20 рӯз аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар11 октябри соли 2020 Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар гузорише эълом кард: “ин интихобот бидуни руқабои сиёсии воқеӣ баргузор шудааст”.
Ин гузориш меафзояд: дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон имкони ибрози андешаҳои мухталиф фароҳам набуд ва барои татовуқи меъёрҳои интихоботии Тоҷикистон бо таъаҳҳудот ва стандартҳои САҲА бояд талошҳои зиёде ба кор гирифта шавад.
САҲА бо ироаи 23 тавсия ба ҳукӯмати Тоҷикистон зимни таъкид бар шафофият дар интихоботи оянда хоҳони беҳбуди авзоъи ҳуқуқ ва озодӣҳои сиёсӣ ва мадании сокинони ин кишвар, рафъи маҳдӯдиятҳо ва фароҳам кардани шароити баробар ва яксон барои тамоми номзадҳо шудааст.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва 4 нафар аз раисони ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд ва бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон бо касби 90.9 дарсади оро ба поён расид.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Натоиҷи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи нозирони байналмилалӣ
-
Номаълум будани назорати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи Тоҷикистон
-
Эмомалӣ Раҳмон 7 соли дигар ҳам раисиҷумҳури Тоҷикистон аст