Табодулоти тиҷории якмиллиондолларии Тоҷикистон бо кишварҳои Муштаракулманофеъ
Гардиши молии Тоҷикистон бо кишварҳои Муштаракулманофеъ дар 6 моҳи аввали имсол ба як миллиард доллар расид.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз ожонси омори раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, дар ним соли аввали 2020 Тоҷикистон фақат бо се кишвари Беларус, Қазоқистон ва Молдова мизони тиҷорати худро афзоиш додааст.
Бар асоси омор 54 дарсад аз тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои Муштаракулманофеъ буда, ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл ҳеҷ тағйире накардааст. Ҳамчунин бар асоси додаҳои Ожонси омори кишвар мизони тиҷорати Тоҷикистон бо дигар кишварҳои Муштаракулманофеъ манфӣ буд.
Бар асоси омор, Русия ҳамчунон бо 421 миллион доллар табодулоти тиҷорӣ аслитарин шарики тиҷории Тоҷикистон аст.
Кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова ва Туркманистон кишварҳои Муштаракулманофеъ ҳастанд.