Ширкати сарбозони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Бартарӣ дар иттилооти низомӣ"
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56372-Ширкати_сарбозони_Тоҷикистон_дар_мусобиқаи_байналмилалии_Бартарӣ_дар_иттилооти_низомӣ
Сарбозони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Бартарӣ дар иттилооти низомӣ" ширкат хоҳанд кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 11, 2020 16:04 Asia/Dushanbe
  • Ширкати сарбозони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии

Сарбозони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии "Бартарӣ дар иттилооти низомӣ" ширкат хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ, марҳилаи байналмиллалии мусобиқаи "Иттилооти низомӣ" аз 23 август то 5 сентябр дар донишкадаи олии  ҳарбии Новосибирски Русия баргузор мешавад.

Намояндагони неруҳои мусаллаҳи кишварҳои Русия, Чин, Белорус, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Лаос ва Конго дар ин рақобатҳо ширкат хоҳанд кард.

Ҳадаф аз баргузории  ин мусобиқа афзоиши тавони нерӯҳои мусаллаҳ ва арзёбии омодагии онҳоаст.