Август 11, 2020 16:17 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили таҷҳизоти барӯйхатгирии аҳолӣ ба Тоҷикистон

Таҷҳизоти барӯйхатгирӣ ба идораи омори Тоҷикистон супорида шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз Азия плюс, таҷҳизот, ки дорои 420 регистр, 100 ноутбук ва 80 принтер мебошад, аз ҷониби Русия ва Хазинаи аҳолии СММ ба Тоҷикистон ворид карда шуд.

Ин дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки бо истифода аз технологияи рақамӣ барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад.

Барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи октябр шурӯъ мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, суръати афзоиши аҳолии Тоҷикистон дар соли гузашта 2,1 дарсадро ташкил додааст.