Август 11, 2020 21:00 Asia/Dushanbe
  • Сабти як мавриди дигари фавт бар асари Ковид-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард дар 24 соати гузашта як мавриди дигари фавт бар асари Ковид-19 дар ин кишвар сабт шуд.

 Ба гузориши сомонаи Вазорат тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соат 19 асри рӯзи сешанбе ёздаҳуми августи 2020 теъдоди ҷон бохтагони бемории Ковид-19 дар ин кишвар бо як мавриди ҷадид ба 63 нафар расид. 
 
Бар асоси ин гузориш, дар 24 соати гузашта 44 бемори дигари Ковид-19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд. 
 
 Ҳамчунин аз 30 апрел то имрӯз теъдоди мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба ҳафт ҳазору 871 нафар расидааст, ки то кунун шаш ҳазору 653 нафар (84.5 дарсад) дармон шудаанд. 
 
 Дар шубонарӯзи гузашта 95 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид-19 таҳти дармони пизишкон дар бемористонҳо қарор гирифтаанд ва 39 тан низ пас аз беҳбудӣ аз марокизи дармонӣ мураххас шудаанд. 
 
Дар ҳамин ҳол вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард сол таҳсилии ҷадид аз рӯзи 17 август бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ оғоз хоҳад шуд. 
 
 Коршиносон ин тасмими Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро бо вуҷуди коҳиши теъдоди беморони Ковид-19, иқдоми шитобзада ва хатарнок арзёбӣ мекунанд.

Барчасп