Август 12, 2020 10:52 Asia/Dushanbe
  • Поёни маъмурияти сафири Австрия дар Тоҷикистон

Маъмурияти дипломатики сафири Австрия дар Тоҷикистон ба поён расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Музаффар Ҳусайнзода- муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон телефонӣ бо Гириҳорд Силер, сафири Австрия дар Тоҷикистон дар поёни давраи маъмурияташ гуфтугӯ кард.

Ҳусайнзода дар ин гуфтугӯ аз талошҳои сафири собиқи Австрия барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ташаккур кард.

Ҳамчунин ду тараф бар аҳамияти идома ёфтани фаъолиятҳои барномарезишуда барои маҳори вируси корона таъкид карданд.

 

Барчасп