Бистарӣ шудани шоири суруди миллии Тоҷикистон ба гумони ибтило ба КОВИД-19
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56403-Бистарӣ_шудани_шоири_суруди_миллии_Тоҷикистон_ба_гумони_ибтило_ба_КОВИД_19
Сарояндаи суруди миллии Тоҷикистон ва шоири мардумии ин кишвар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 бистарӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2020 07:40 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани шоири суруди миллии Тоҷикистон ба гумони ибтило ба КОВИД-19

Сарояндаи суруди миллии Тоҷикистон ва шоири мардумии ин кишвар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 бистарӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Гулназар Келдии 70 сола бо интишори паёме таъкид кардааст, ки пас аз эҳсоси дарди шадид наздиконаш вайро ба бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе мунтақил кардаанд ва акнун ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19, дар бемористон таҳти дармон қарор дорад.

Вай аз мардуми Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои шифои тамомии маризони коронаӣ дуо кунанд ва ба манзури пешгирӣ аз мубтало ба бемории КОВИД-19 ба тавсияҳои пизишкӣ ва муқаррароти беҳдоштӣ пойбанд бошанд.

Гулназар Келдӣ, нависандаи матни нахустин суруди миллии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли ин кишвар аст ва осори вай дар Эрон, Афғонистон ва Русия борҳо мунташир шудааст.