Август 12, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани шоири суруди миллии Тоҷикистон ба гумони ибтило ба КОВИД-19

Сарояндаи суруди миллии Тоҷикистон ва шоири мардумии ин кишвар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 бистарӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Гулназар Келдии 70 сола бо интишори паёме таъкид кардааст, ки пас аз эҳсоси дарди шадид наздиконаш вайро ба бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе мунтақил кардаанд ва акнун ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19, дар бемористон таҳти дармон қарор дорад.

Вай аз мардуми Тоҷикистон дархост кардааст, ки барои шифои тамомии маризони коронаӣ дуо кунанд ва ба манзури пешгирӣ аз мубтало ба бемории КОВИД-19 ба тавсияҳои пизишкӣ ва муқаррароти беҳдоштӣ пойбанд бошанд.

Гулназар Келдӣ, нависандаи матни нахустин суруди миллии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли ин кишвар аст ва осори вай дар Эрон, Афғонистон ва Русия борҳо мунташир шудааст.

 

Барчасп