Дидгоҳи коршиносони тоҷик дар бораи интихоботи Беларус ва эътирозоти пас аз он
(last modified Wed, 12 Aug 2020 10:41:59 GMT )
Август 12, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи коршиносони тоҷик дар бораи интихоботи Беларус ва эътирозоти пас аз он

Натиҷаи интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Беларус ва эътирозҳо ба он вокунишҳои мутафовити коршиносони тоҷикро дар пай доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Абдуллоҳ Раҳнамо- мушовири маркази пажуҳишҳои роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст, ки пирӯзии Александр Лукашенко бо касби 80.3 дарсади овозҳо ба маънои ҳифзи субот ва амнияти ин кишвар мебошад.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов- ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: Ҳузури тулонимуддати 26 солаи Александр Лукашенко дар симати раёсатҷумҳурии Беларус ҳатто садои эътирози мардуми ин кишварро, ки дар қаламрави Ҷомеаи Ҳамсуд яке аз оромтарин ақвом ба ҳисоб меоянд, даровардааст аз ин рӯ интизор меравад, ки вай аз ин эътирозот дарс бигирад ва барои ислоҳоти сиёсӣ дар кишвараш иқдом кунад.

Парвиз Муллоҷонов, дигар таҳлилгари тоҷик низ бар ин бовар аст, ки барқарории оромиш дар Беларус ба мавзеъҳои кишварҳое назири Русия бастагӣ хоҳад дошт, ки равобити бисёр наздике бо Александр Лукашенко доранд ва эътирозоти ахирро натиҷаи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии вобаста ба Амрико медонанд.

Абдулмалик Қодиров- коршиноси масоили сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд дар панҷ даври қаблии интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус рақибони ҷиддӣ дар баробари Лукашенко ҳузур надоштанд, аммо ин бор шароит тағйир карда буд ва эҳсос шуд, ки рақибони Ғарбгарои вай барои эътироз ба натиҷаҳои интихоботи ҷадид аз қабл омода шуда буданд.