Август 12, 2020 20:55 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таваққуфи парвозҳои Тоҷикистон - Русия то замони номаълум

Замони дақиқи барқарории дубораи парвозҳои муназзам миёни Русия ва Тоҷикистон мушаххас нест.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мудири хадамоти консулии Сафорати Русия дар Душанбе бо таъйиди дарёфти дархости Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон барои азсаргирии парвозҳои муназзам миёни ду кишвар эълом кард, ки ин мавзуъ дар ҳоли баррасӣ аст.

Валерий Катункин афзуд, бо ҳамоҳангии дуҷониба дар ин замина ба зудӣ иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

Парвози ҳавопаймоҳои мусофирӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона аз авохири моҳи март қатъ шуд ва дар ин муддат барои хориҷ кардани атбои ду кишвар танҳо чанд парвози чартерӣ анҷом шудааст.

Дар маҷмуъ дар шаш моҳи нахусти имсол ва дар пайи густариши корона, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон беш аз 17 ҳазор табааи ин кишварро аз хориҷ ба кишварашон бозгардондаанд.

 

 

Барчасп