Сабти 41 мавриди ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56431-Сабти_41_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 бидуни афзоиши омори фавт дар ин кишвар сабт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Сабти 41 мавриди ҷадиди Ковид – 19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, дар 24 соати гузашта 41 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид -19 бидуни афзоиши омори фавт дар ин кишвар сабт шуд.

Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 асри рӯзи чаҳоршанбе, дувоздаҳуми августи 2020 теъдоди ҷонбохтагони бемории Ковид - 19 дар ин кишвар 63 мавриди қаблӣ аст.

Бар асоси ин гузориш, то имрӯз теъдоди мубталоён ба Ковид – 19 дар Тоҷикистон ба ҳафт ҳазору 912 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун шаш ҳазору 696 нафар (84.6 дарсад) дармон шудаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 93 нафар ба гумони мубтало шудан ба Ковид -19 таҳти дармони пизишкон дар бемористонҳо қарор гирифтаанд ва 43 тан низ пас аз беҳбудӣ аз марокизи дармонӣ мураххас шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард, соли таҳсилии ҷадид аз рӯзи 17 август бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ оғоз хоҳад шуд.