Август 13, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва аз шоирони шинохтаи Тоҷикистон дар 75 солагӣ даргузашт.

Дилписанд Келдиев, писари шоир хабар дод, ки падараш рӯзи 13 август дар бемористон ҷон дод ва маросими дафнаш фардо баргузор хоҳад шуд.

Гулназар Келдӣ, шоири халқии Тоҷикистонро ҳафтаи гузашта бо гумони мубтало шудан ба бемории куруновирус дар шифохонаи "Истиқлол" бистарӣ карданд. Худи ӯ рӯзи 4 август гуфта буд, ки зиёд сулфа мекунад. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

 

 

Барчасп