Беҳбудии вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон
(last modified Fri, 14 Aug 2020 15:17:27 GMT )
Август 14, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон

Манобеи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз беҳбудии ҳоли вазири ҳамлу нақли ин кишвар пас аз ҳодисаи даст ба худкушӣ задани вай хабар доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ вик, ҳол Худоёр Худойёзода беҳтар шуда ва ӯ аз бахши муроқибатҳои вижа ба утоқи умумӣ дар бемористони Истиқлоли шаҳри Душанбе мунтақил шудааст. 
 
 Гуфта мешавад, ки вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон акнун метавонад роҳ биравад ва бо наздиконаш, ки ба аёдатш меоянд дидор кунад. 
 
 Пеш аз ин мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон ихтилофоти хонаводагиро далели даст ба худкушӣ задани вазири ҳамлу нақли ин кишвар эълом карда буданд. 
 
Дар гузориши додситонии кулли Тоҷикистон таъкид шуда буд, ки Худоёр Худёрзодаи 62 сола, вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон соати панҷи бомдоди рӯзи 11 август дар пайи муноқишаи хонаводагӣ дар хонаи худ дар шаҳри Душнба бо ҳадафи худкушӣ бо чоқу худро захмӣ карда аммо аъзои хонаводааш, ки ҳангои ҳодиса дар хона ҳузур доштанд ӯро ба бемористон мунтақил кардаанд. 
 
 Худоёр Худёорзода аз январи соли 2017 симмати вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. 
 
 Вай ҳамчунин дар солҳои мухталиф ба унвони намоянда Маҷлиси вилояти Бадахшон ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.