Кӯмаки билоивази Бонки тавсеаи Осиё ба Тоҷикистон
Август 14, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
Бонки тавсеаи Осиё барои тавсеаи саноати гардишгарӣ ба Тоҷикистон кӯмаки билоиваз пардохт мекунад.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, ин маблағи даҳ миллион долларӣ барои мараммати биноҳои тарихӣ ва тавсеаи саноати бумгардӣ ба Тоҷикистон эҳдо хоҳад шуд.
Тоҷикистон аввалин кишварест, ки ин кӯмаки билоивазро аз Бонки тавсеаи Осиё дарёфт мекунад.
Тоҷикистон ҳамчунин бо Созмони ҷаҳонгардии Созмони милал (UNWTO), сандуқи коҳиши фақр низ қарордодҳое имзо кардааст.
Барчасп