Август 15, 2020 08:02 Asia/Dushanbe
  • Набуди иродаи ҷиддӣ барои мубориза бо фасод дар Тоҷикистон

Ҳуқуқдони тоҷик мӯътақид аст бо вуҷуди талоши мақомот, дар Тоҷикистон иродаи кофӣ барои мубориза бо фасод вуҷуд надорад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Шокирҷон Ҳакимов афзуд: Давлати Тоҷикистон шеваи нави изҳорномаи эъломи дороии кормандон ва мудирони давлатиро дар ҳоле тасвиб кард, ки дар изҳорномаи нав ҳатто миқдори молҳое, ки ашхос нигаҳдорӣ мекунанд низ мушаххас мешавад.

 Ин вакили саршиноси тоҷик иллати таваҷҷуҳи ҳукумат ба камарзиштарин дороии мақомот ва кормандонро дар ин донист, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз фасод ва ришва ба шакли классик ва суннатӣ ба сурати ҳадияҳои гаронқимат ва додани пул расм аст.

Ба гуфтаи Ҳакимов мақомоти тоҷик талош мекунанд, то муқаррароти байналмиллалии мубориза бо фасодро риоят ва назорати давлат бар бахшҳои мухталифро дақиқтар кунанд, аммо муттассифона дар Тоҷикистон иродаи сиёсӣ барои муқобилаи қотеъона бо фасод вуҷуд надорад.

 

Барчасп