Дидори сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56496-Дидори_сарвазири_Тоҷикистон_ва_муовини_сарвазири_Русия
Сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Русия дидор ва гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 15, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Русия

Сарвазири Тоҷикистон ва муовини сарвазири Русия дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар ҷаласаи раисони Комиссияи байнидавлатии Русия ва Тоҷикистон, Алекси Урчок- муовини сарвазири Русия ва Қоҳир Расулзода- сарвазири Тоҷикистон дар мавриди аз саргирии парвозҳо ва пардохти ҳаққи муҷаввизи кори муҳоҷирон табодули назар карданд.

Урчок дар ин ҷаласа гуфт: Дар муддати шуйюи корона дар Русия пардохти ҳаққи визаи кор барои муҳоҷирон бекор шуд.

Вай афзуд муҳлати аввали бекор кардан то 15 июли таъйин шуда буд, аммо бо таваҷҷуҳ ба идомаи шуйюи корона тасмим гирифта шуд то 15 сентябр тамдид шавад.