Август 15, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби

Асари “Камол дар оинаи таҳқиқ” мунташир шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Маркази таҳқиқоти Камоли Хуҷандӣ ҷилди дувуми асари “Маҷмуъаи китобҳои Камолшиносӣ”-ро бо номи “Камол дар оинаи таҳқиқ” мунташир кард.

Китоби 566 саҳифаии “Камол дар оинаи таҳқиқ” шомили маҷмӯае аз осори Камолшиносӣ аз соли 1845 то 1960 аст.

Ин китобро Субҳон Азимзод, мунтақиди адабӣ таълиф ва интишороти Хуросон чоп кардааст.