Август 15, 2020 18:54 Asia/Dushanbe
  • Бозгушоии синамоҳои шаҳри Душанбе

Синамоҳои шаҳри Душанбе бозгушоӣ шуданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия-Плюс, дарҳои синамоҳои Тамошо ва Кайҳони шаҳри Душанбе ба рӯи алоқамандони тамошои филм боз шуд.

Бар асоси иблоғия, афроде, ки барои дидани филм ба синамоҳо мераванд бояд тамоми шеваномаҳои беҳдоштиро риоят ва мудирони синамо ҳам бояд аз 50 дарсади зарфияти курсиҳои толор истифода кунанд.

Мудирони синамои Тамошо мегӯянд: Дар даромадгоҳи синамо ҳарорати бадани муштариён санҷида ва дастҳои афрод низ дзинфексия мешавад.

Ҳамчунин афрод бояд фосилагузории иҷтимоиро дар толори синамо риоят кунанд.

Дарҳои синамои Кайҳон низ аз (13 август) ба рӯи алоқамандони тамошои филм гушӯда шуд.

Дар ин синамо низ истифода аз ниқобак, санҷидани ҳарорати бадан ва истифода аз маҳлули безараргардонӣ иҷборӣ аст.