Боздошти се ношири тасвирҳои ғайриахлоқӣ дар шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 15 Aug 2020 16:12:15 GMT )
Август 15, 2020 21:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти се ношири тасвирҳои ғайриахлоқӣ дар шаҳри Душанбе

Полиси шаҳри Душанбе се мунташиркунандаи тасовири ғайриахлоқиро боздошт кард.

11 август тасовире дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд, ки дар он чанд веблогнавис навҷавонеро масхара мекунанд.

Пас аз интишори ин тасовир теъдоде аз корбарон аз масъулони вазорати корҳои дохила хостанд, ки аз нашри чунин тасовир ҷилавгирӣ ва гунаҳкоронро дастгир кунад.

Дар тасвирҳои мунташиршуда як зан ба ҳамроҳи ду мард навҷавонеро монанди занон ороиш карда ва либоси занонае ҳам ба ӯ пушонда ва  илова бар ин тухмеро низ рӯйи сари ӯ мешикананд.

Дар ин тасовир инҳо ба навҷавон мегӯянд, ки монанди як арӯси зебо шудааст.

Полиси шаҳри Душанбе таъкид карда ки ин иқдомот бо ҳеҷ меъёри ахлоқӣ ва қонунӣ дар Тоҷикистон мутобиқат надорад.

Пас аз таҳқиқот се муттаҳам ба номҳои Ахлоқуддин Хоҷаев ,Акбар Муҳаммадов ва Матлуба Қулиева шиносоӣ ва боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар таҳқиқот мушаххас шуд, ки навҷавон аз хешовандони  Ахлоқуддин Хоҷаев аст.