Тақозои бисёр барои фарзандхондагии писарон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56555-Тақозои_бисёр_барои_фарзандхондагии_писарон_дар_Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тақозои зиёде барои фарзандхондагӣ вуҷуд дорад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 16, 2020 12:55 Asia/Dushanbe
  • Тақозои бисёр барои фарзандхондагии писарон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тақозои зиёде барои фарзандхондагӣ вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Осиё плюс, бар асоси омори бештари хонаводаҳо дархости пазириши фарзанди писари тоза таваллуд шуда доранд. 
 
Абдулҳалим Низомов муовини дафтари ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдаки Тоҷикистон мегӯяд, ки мардуми тоҷик илзомоте барои фарзандхондагӣ доранд ва бештари онҳо тарҷеҳ медиҳанд фарзанди писар дошта бошанд то аз онҳо дар даврони солмандӣ муроқибат кунад. 
 
Бар асоси омори комиссияи ҳуқуқи кӯдаки шаҳрҳо ва манотиқи Тоҷикистон, дар нимаи аввали имсол ду ҳазору 280 дархости ҳизонат ва фарзандхондагӣ баррасӣ ва 511 кӯдак ҳам ба фарзандхондагӣ ба хонаводаҳо таҳвил шуд. 
 
64 мактаби шабонарӯзӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ҳашт ҳазору 275 кӯдак дар он таҳсил мекунанд. 
 
Дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон низ чаҳор маркази нигаҳдории кӯдакони бесарпараст вуҷуд дорад, ки 185 кӯдак зери се сол дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд.