Афзоиши мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 40 мавриди ҷадиди ибтило ба КОВИД-19 бидуни афзоиши омори фавт дар ин кишвар сабт шуд, ки теъдоди кулли мубталоён ба ин беморӣ ба 8 ҳазору 29 нафар расид.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 асри рӯзи якшанбе 16 августи 2020 теъдоди ҷонбохтагони бемории КОВИД-19 дар ин кишвар ҳамон 63 мавриди қабли боқӣ мондааст.
Бар асоси ин гузориш, то имрӯз теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 8 ҳазору 29 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 6 ҳазору 815 нафар (84.9 дарсад) дармон шудаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта 91 нафар ба гумони мубтало шудан ба КОВИД-19 таҳти дармони пизишкон дар бемористонҳо қарор гирифтаанд ва 38 тан низ пас аз беҳбудӣ аз марокизи дармонӣ мураххас шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълом кард: Соли таҳсилии ҷадид аз рӯзи душанбе 17 август бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ оғоз хоҳад шуд.
Коршиносон ин тасмими Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро бо вуҷуди коҳиши теъдоди беморони КОВИД-19, иқдоме шитобзада ва хатарнок арзёбӣ мекунанд.