Оғози соли нави таҳсилӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56588-Оғози_соли_нави_таҳсилӣ_дар_Тоҷикистон
Соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ду ҳафта зудтар аз ҳар сол имрӯз 17 август бо суханронии раиси ҷумҳур оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 17, 2020 12:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози соли нави таҳсилӣ дар Тоҷикистон

Соли таҳсилии ҷадид дар Тоҷикистон ду ҳафта зудтар аз ҳар сол имрӯз 17 август бо суханронии раиси ҷумҳур оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, соли таҳсилии ҷадид имрӯз 17 август бо ҳузур ва суханронии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мактаби рақами 102 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Раҳмон дар ин маросим аз афзоиши теъдоди марокизи омӯзишӣ дар Тоҷикистон аз замони истиқлоли ин кишвар хабар дод ва гуфт: Аз замони истиқлоли Тоҷикистон то кунун теъдоди донишгоҳҳои кишвар аз 13 марказ ба 40 марказ афзоиш ёфта ва теъдоди донишҷӯён низ ба 227 ҳазор нафар расидааст.

Вай таъкид кард номгузории солҳои 2020 то 2040 ба унвони 20 солаи омӯзиши илмҳои табиӣ, иқдоми муҳиме дар рушди илмҳо ва таъмини ниёзмандиҳои кишвар маҳсуб мешавад.

Ӯ афзуд: Бо таъсиси 32 омӯзишгоҳи ҷадиди фаннӣ ва ҳирфаӣ аз замони истиқлол заминаи таҳсили 90 ҳазор нафар фароҳам шуд.

Раҳмон ҳамчунин гуфт 35 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар марокизи омӯзишии кишварҳои хориҷӣ машғули фарогирии улуми мухталиф ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз иҷроӣ нашудани барномаи бахши хусусӣ барои сохти мактабҳо ҳам интиқод кард ва гуфт: Тааҳҳуди онҳо сохти 331 мактаб буд дар ҳоле ки то кунун фақат 14 мактаб сохтаанд.

Раҳмон ҳамчунин бо интиқод аз камбуди муаллимон дар мактабҳои Тоҷикистон таъкид кард ин камбуд ҳар чи сареътар бояд ҷуброн шавад.

Рустам Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки масъулияти шаҳрдории Душанберо ҳам бар ӯҳда дорад Раҳмонро дар ин маросим ҳамроҳӣ мекард.

Бар асоси эъломи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба далели шуйюи корона имсол муддати соатҳои дарс барои хонандагони синфи якум 35 дақиқа ва барои хонандагон дар синфҳоиҳои мақтаъҳои дувум то ёздаҳум ҳудуди 45 дақиқа аст.

Ҳамчунин синфҳо дар ду навбати субҳ ва аср аз соати 8 то 12 ва 55 дақиқа ва аз соат 13 ва 10 дақиқа то 17 ва 55 дақиқа баргузор мешавад.