Август 17, 2020 19:22 Asia/Dushanbe
  • Илзоми тоҷикон ба ироаи гувоҳии саломат барои сафар ба Қазоқистон

Дар пайи корона, шаҳрвандони тоҷикистонӣ бояд ҳангоми вуруд ба Қазоқистон гувоҳии саломат ироа кунанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард, ки атбои теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ шомили Тоҷикистон, Узбакистон ва Полша бояд ҳангоми вуруд ба ин кишвар гувоҳӣ ироа кунанд, ки нишон диҳад ба Ковид-19 мубтало нестанд. 
 
 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, ин гувоҳии пизишкӣ аз замони судури он 5 рӯз эътибор дорад. 
 
 Мусофирон дар сурати ҳамроҳ надоштани ин гувоҳӣ муваззаф ҳастанд дар муддати 48 соат дар Қазоқистон озмоиши вируси корона анҷом диҳанд, ки дар  сурати мусбат будани натиҷа ба муддати  ду ҳафта қарнтина хоҳанд шуд. 
 
 Қазоқистон атбои Олмон, Аморот, Украина, Беларус, Туркия, Русия, Миср, Малайзия, Голландия, Чин, Япония, Кореяи ҷанубӣ, Тайланд, Венгрия, Русия, Гурҷистон, Чехия ва Ҳиндро аз ин муқаррарот муоф кардааст. 
 
 Барои вуруди атбои ин кишварҳо ба Қазоқистон танҳо санҷиши таб кофӣ аст.

Барчасп