Коҳиши теъдоди талоқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56614-Коҳиши_теъдоди_талоқ_дар_ноҳияи_Ҷалолиддини_Балхии_Тоҷикистон
Аз оғози имсол токунун теъдоди талоқҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон коҳиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 18, 2020 04:42 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди талоқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии Тоҷикистон

Аз оғози имсол токунун теъдоди талоқҳо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз идораи сабти минтақаи Хатлон дар шаш моҳи аввали имсол 79 талоқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабт шудааст, ки ин мизон 13 талоқ камтар аз муддати мушобеҳи соли гузаштааст. Заҳро Бобозода мудири идораи сабти аҳволи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ далоили аслии талоқ дар байни завҷҳоро набуди тафоҳум, хушунатҳои хонаводагӣ, истифодаи нодуруст аз телефони ҳамроҳ ва дахолати хонаводаҳо эълон кард.

Ӯ иллати коҳиши теъдоди талоқ дар ин ноҳияро иқдомоти пешгиронаи фарҳангӣ ва баргузории дарсҳои мушовираи хонавода баён кард.