Омодагии шаҳрванди тоҷик барои кандидат шудан дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(last modified Tue, 18 Aug 2020 05:07:49 GMT )
Август 18, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Омодагии шаҳрванди тоҷик барои кандидат шудан дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Як шаҳрванди тоҷик қасд дорад номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон шавад.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи марказиӣ, Иброҳимҷон Юсуфбеков, ки сокини ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон аст дархости катбии худ барои номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро барои Рустами Эмомалӣ Раиси маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Муҳаммадтоҳир Зокирзода раиси маҷлиси ин кишвар ирсол кард. Юсуфбеков, корманди идораи фарҳанги шаҳр ва узви ҳизби ҳокими демократии халқи Тоҷикистон (NDPT) аст ,ӯ ҳадафаш аз кандидат шудан дар интихоботро ҳимоят аз довталаби мавриди назараш эълом кард. 
 
 Вай аз фаъолони мадании ноҳияи Панҷакент аст ва дар бештари ҷаласоти идороти Панҷакент ва Зарафшон ҳузур дорад. 
 
 Юсуф беков имсол низ дар интхоботи маҷлиси Тоҷикистон ширкат кард вале рай наовард.