Август 18, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистон ва Арабистон бар тақвияти равобити дуҷониба

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Арабистони саудӣ дар Душанбе бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, дар дидори Сироҷиддин Муҳриддин- вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Абдулазиз Муҳаммадалбодӣ- сафири саудӣ дар Душанбе, вазъият ва чашмандози ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ду тараф дар бораи таомулоти ду кишвар дар созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақа баҳс ва табодули назар карданд.

Раиси ниҳоди дипломатики Тоҷикистон ва сафири саудӣ дар ин кишвар ҳамчунин бар тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

 

Барчасп