Корона дар Тоҷикистон, сабти як мавриди фавти дигар
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар 24 соати гузашта 32 бемори мубтало ба КОВИД-19 дар кишвар бо як мавриди фавти ҷадид сабт шудааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 шомгоҳи сешанбе ҳаҷдаҳуми августи 2020 бо шиносоии 32 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар ин кишвар то кунун теъдоди мубталоён ба ин беморӣ ба 8 ҳазору 131 нафар расидааст, ки аз ин теъдод 6 ҳазору 935 нафар (85.2 дарсад) дармон шудаанд.
Ҳамчунин бо сабти як мавриди ҷадиди фавт бар асари КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта теъдоди ҷонбохтагони ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 65 нафар расид.
Дар шабонарӯзи гузашта 73 нафар аз афроди машкук ба КОВИД-19 низ дар бемористонҳои Тоҷикистон бистарӣ ва 38 тан низ пас аз беҳбудӣ аз ин марокиз мураххас шуданд.
Беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
Имрӯз сешанбе 18 август дар Тоҷикистон рӯзи табиб буд ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар дар дидор бо кадри дармонӣ аз онон барои талошҳои шабонарӯзӣ дар муқобила бо корона ташаккур ва ба 53 нафар аз онон медал эъто кард.