Август 19, 2020 19:52 Asia/Dushanbe
  • Вуруди 75 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои Тоҷикистон

Маркази миллии имтиҳоноти Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар аз вуруди 75 ҳазор нафар ба донишгоҳҳои ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Абдулвосит Шодиниё- дастёри мудири Маркази миллии имтиҳоноти Тоҷикистон гуфтааст, ки барои вуруд ба донишгоҳҳои ин кишвар 110 ҳазору 951 нафар сабтином карда буданд, ки 105 ҳазору 419 тан дар озмун ширкат карданд.

Аз ин теъдод 75 ҳазору 82 нафар муваффақ ба вуруд ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шудаанд.

Шодиниё таъкид кардааст, ки имсол бештари довталабони риштаҳои пизишкӣ, зистшиносӣ, ҳуқуқ ва варзишро интихоб кардаанд ва дар радаи баъдӣ довталабоне қарор доранд, ки риштаҳои равобити байналмиллал, иқтисод ва забонҳои хориҷиро баргузидаанд.

Аммо ба гуфтаи Шодиниё бо вуҷуди эъломи номгузории солҳои 2020 то 2040 ба унвони 20 солаи омӯзиши улуми табиӣ дар озмуни вурудии имсол донишгоҳҳои Тоҷикистон теъдоди андаке риштаҳои риёзӣ, физика ва химияро интихоб кардаанд.

Озмуни вурудии имсол ба донишгоҳҳои Тоҷикистон бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ дар шароити густариши вируси корона баргузор шуд.

 

Барчасп