Шиносоии 35 бемори нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56674-Шиносоии_35_бемори_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
35 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон бидуни сабти фавтида шиносоӣ шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2020 15:41 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 35 бемори нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон

35 бемори нави мубтало ба КОВИД-19 дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон бидуни сабти фавтида шиносоӣ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то асри рӯзи чаҳоршанбе 19 август дар кишвар 35 бемори нави  КОВИД-19 шиносоӣ шуд.

Бо шиносоии ин афрод теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 8 ҳазору 166 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш то кунун 6 ҳазору 971 нафар яъне 85.3 дарсад аз беморони коронаӣ дармон шуда ва 65 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки дар 24 соати гузашта, 72 бемори машкук ба КОВИД-19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 36 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.