Август 20, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомҳои эронӣ ва тоҷик бар ҳамгароии фарҳангии бештари ду кишвар

Дар дидори муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон бо сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар амиқтар шудани равобити фарҳангии ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии давлати Эрон, Низомуддин Зоҳидӣ-сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо ҳузур дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон бо Қурбоналӣ Пурмарҷон, муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии ин созмон дидору гуфтугӯ кард.

 Пурмарҷон бо таъкид бар густариши равобити дуҷониба байни Эрон ва Тоҷикистон гуфт: Муносиботи байниякдигарии ду кишвар ба хусус дар ҳавзаи фарҳангӣ вориди марҳалаи навине шуда, ки бояд аз зарфиятҳои мавҷуд дар ҷиҳати тавсеъаи ҳамаҷонибаи ин муносибот ҳаддиаксари баҳрабардорӣ шавад.

 Муовини тавсеъаи равобити фарҳангии байналмиллалии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ афзуд: Таърих, фарҳанг, забон ва тамаддуни Эрон ва Тоҷикистон муштарак аст, ба гунае, ки иштирокоти ҳеҷ ду миллате андозаи Эрон ва Тоҷикистон нест.

 Низомуддин Зоҳидӣ низ дар ин дидор бо ёдоварии ин, ки Эрон ва Тоҷикистон дар солҳои гузашта ҳамкориҳои фарҳангии гуногуне дошта ва ҳайатҳои фаровоне аз ҳар ду кишвар дар муносибатҳои фарҳангии якдигар ширкат мекарданд, афзуд: Имконот ва зарфиятҳои зиёде барои густариши равобити ду кишвар вуҷуд дорад, ки умедворем бо таваҷҷуҳ ба иродаи мақомоти Эрон ва Тоҷикистон, шоҳиди амалӣ шудани аҳдофи мавриди алоқаи тарафҳо дар ҳавзаи фарҳанг бошем.

 Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон омодагии кишваршро барои тавсеъаи муносиботи фарҳангӣ ва ҳамкориҳои байниякдигарӣ дар мавзӯъоти матраҳшуда ва рафтуомадҳои бештар эълом кард.

 Зоҳидӣ дар суханонаш бо ишора ба ҷашни бузургдошти 700 солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоири форсу-тоҷики садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ-қамарии зодаи Тоҷикистони кунунӣ гуфт: Илова бар Шайх Камоли Хуҷандӣ, шоирони бисёре аз Тоҷикистон бархостаанд ва мутакаллимон ва файласуфони ин сарзамин низ якумдараҷа ва дар улуми балоғат ҳама дар авҷ буданд.

 

Барчасп