Сабти як фавти дигар бар асари КОВИД-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56706-Сабти_як_фавти_дигар_бар_асари_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон
37 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон шиносоӣ ва як фавтидаи дигар низ сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2020 15:06 Asia/Dushanbe
  • Сабти як фавти дигар бар асари КОВИД-19 дар Тоҷикистон

37 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон шиносоӣ ва як фавтидаи дигар низ сабт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон то асри рӯзи ҷумъа 21 август дар ин кишвар 37 бемори ҷадиди  КОВИД-19 шиносоӣ шуд.

Бо шиносоии ин афрод теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 8 ҳазору 203 нафар расид, ки то кунун 7 ҳазору шаш нафар яъне 85.4 дарсад аз онон дармон шудаанд.

Ҳамчунин дар 24 соати гузашта як бемори КОВИД-19 дигар низ ҷони худро аз даст дод ва ба ин тартиб шумори фавтидагон аз ин беморӣ ба 66 нафар расид.

Сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки дар 24 соати гузашта, 74 бемори машкук ба КОВИД-19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 35 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.