Август 22, 2020 13:38 Asia/Dushanbe
  • Авзои Афғонистон меҳвари гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон дар тамоси телефонӣ дар бораи равобити дуҷониба ва минтақаӣ, гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши хадамоти матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар ин тамоси телефонӣ бар аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл, омӯзишӣ ва фарҳангӣ таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ тавсеаи равобити мутақобил дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ ва иқтисодиро авлавияти сиёсати хориҷии кишварҳои худ унвон карданд.

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон иҷроӣ шудани проектҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаҳои мухталиф ва бавижа тарҳҳои энержӣ назири «CASA 1000» -ро муҳим арзёбӣ карданд.

Тарафайн ҳамчунин мавзӯоти ҳамкориҳои дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаҳои амниятӣ, таҳкими марзҳо, мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ, ҷиноёти созмонёфтаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар мавриди сафари гурӯҳҳои кории давлати Афғонистон ба Тоҷикистон барои баррасии тавсеа ва густариши равобити дуҷониба ба тавофуқ расиданд.

Дар поёни ин тамоси телефонӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои мардуми кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон, сулҳу оромиш, пешрафт ва шукуфоӣ дархост ва ҳамтои афғони вай низ барои мардуми кишвари бародари Тоҷикистон муваффақият ва дастовардҳои бузург орзӯ кард.

 

Барчасп