Август 23, 2020 12:23 Asia/Dushanbe
  • Мушкилсозии як ширкати қарздори молиётӣ барои таъмини будҷаи Хатлон

Масъули идораи молиёти вилояти Хатлон беш аз 27 миллион сомонӣ қарзи ширкати мавсум ба "Ресандагӣ"-ро яке аз авомили даст наёфтан ба бахши даромадии будҷаи ин минтақа дар ҳафт моҳи гузашта унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Соҳиб Раҷабов гуфтааст, ки қарзи ин ширкат ба моликияти Насрулло Файзуллоев ба 27 миллиону 798 ҳазору 960 сомонӣ расида, ки бузургтарин қарздори молиётӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меояд.

Вай афзуд: ин ширкат танҳо бобати истифода аз об 2 миллион сомонӣ қарздор аст.

Ин дар ҳоле аст, ки ширкати "Ресандагӣ" 4 ҳазор замини кишоварзӣ дар ихтиёр дорад.

Барчасп