Шиносоии 34 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон
Дар шабонарӯзи ахир 34 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД-19 бидуни фавтида дар Тоҷикистон сабт шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар шабонарӯзи якшанбе 34 бемори ҷадиди КОВИД-19 дар кишвар шиносоӣ шуд ва ба ин тартиб аз 30 апрел то субҳи рӯзи душанбе 24 августи 2020 7 ҳазору 311 нафар дар Тоҷикистон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Аз ин теъдод 7 ҳазору 108 нафар то кунун беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти назорати табибон дармон мешаванд.
Шумори ҷонбохтагон аз КОВИД-19 низ дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 66 нафари қаблӣ эълом шудааст.
Ҳамчунин дар 24 соати гузашта, 802 бемори машкук ба КОВИД-19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 36 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Дар 85 бемористони Тоҷикистон беш аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор ҳамшираи шафқат барои муқобила бо корона басиҷ шудаанд.