Коршинос: Таъсири тағйироти зистмуҳитӣ бар манобеи оби Тоҷикистон вайронгар аст
(last modified Mon, 24 Aug 2020 05:36:36 GMT )
Август 24, 2020 10:36 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Таъсири тағйироти зистмуҳитӣ бар манобеи оби Тоҷикистон вайронгар аст

Мудири Пажуҳишгоҳи об ва муҳити зисти вобаста ба Фарҳангистони илми Тоҷикистон таъсири тағйироти обу ҳавоӣ бар манобеи оби ин кишварро вайронгар донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Зайналобиддин Кобулиев ҳадаф аз эъломи барномаи танзими баҳои оби масрафӣ дар Тоҷикистонро на афзоиши нархи оби ошомиданӣ балки тафкики нархи оби мавриди истифодаи сокинон, марокизи тавлидӣ ва саноатӣ ва бахши кишоварзии ин кишвар унвон кард.

Вай гуфтааст, ки бо вуҷуди дар ихтиёр доштани захираҳои 60 дарсад аз манобеи оби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ҳамчунон бо мушкили таъмини оби ошомидании беҳдоштӣ барои мардуми хеш рӯбарӯ аст аз ин ру барои сарфаҷӯӣ дар масрафи об дар кишвар, бо ҳамкории созмонҳои байналмиллалӣ барномаи биҳинасозии обрасонӣ, истифода аз технологиҳо ва таҷҳизоти нав, равишҳои нави обёрии заминҳои зироатии кишоварзӣ ва коҳиши партоби олояндаҳои зимстмуҳитӣ дар дастури кор мебошад.

Ба гуфтаи ин коршинос, гарм шудани ҳаво муҷиби об шудани яхчолҳои табиӣ, туғёнҳои рӯдхонаҳо ва равон шудани сел мегардад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар як даҳсолаи ахир аз ин ҳисоб хисорати миллиарддолларӣ дидааст.

Зайналобиддин Кобулиев муътақид аст, ки бидуни фарҳангсозӣ дар бораи арзиш ва аҳамияти об дар зиндагӣ наметавон ба ин ҳадафҳои муҳим даст ёфт.

Вай аз мардуми Тоҷикистон хостааст, ки бо дар назар гирифтани эҳтимоли буҳрони камбуди ин манбаи ҳаётӣ барои наслҳои оянда аз имрӯз сарфакориро ҷиддӣ бигиранд.