Афзоиши 35 нафар беморони мубтало ба корона дар Тоҷикистон
35 мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид-19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , то соати 19 рӯзи душанбеи 24 август бо шиносоии 35 бемори ҷадиди мубтало ба корона шумори мубталоён ба ин вирӯс ба ҳашт ҳазору 346 нафар афзоиш ёфтааст .
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид- 19 дар Тоҷикистон бо як нафар афзоиш ба 67 нафар расидааст .
Аз маҷмӯи мубталоён ба карона дар Тоҷикистони ҳафт ҳазору 2 нафар токунун беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд .
Зиёда аз 7500 табиб ва 25,000 ҳамшираҳои шафқат дар 85 беморхонаи Тоҷикистон барои мубориза бо корд сафарбар карда шудаанд.