Коҳиши 34 дар садии воридоти мошин ба Тоҷикистон
Август 24, 2020 20:43 Asia/Dushanbe
Воридоти васоили нақлия дар Тоҷикистон аз ибтидои имсол токунун 34 дар сад коҳиш ёфтааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси омори хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз январ то июли соли 2020 ҳудуди123 миллиону 600 ҳазор доллар барои воридоти мошин дар Тоҷикистон ҳазина шудааст, ки ин рақам дар муддати мушобеҳи соли гузашта 187 миллион доллар будааст.
Бар ин асос арзиши воридоти васоили нақлия ба тоҷикистон имсол 64 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Бештари мошинҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишварҳои ҳавзаи дарёии Балтика, Аврупо ва Осиё ба ин кишвар ворид мешавад.
Бенз, Apple, Hyundai ва Тоёта аз ҷумлаи мошинҳои маъмултарин дар байни мардуми Тоҷикистон мебошанд.
Барчасп