Афзоиши иштиғол ва коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон дар шароити коронаӣ!
(last modified Tue, 25 Aug 2020 06:14:59 GMT )
Август 25, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши иштиғол ва коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон дар шароити коронаӣ!

Мақомоти Тоҷикистон дар шароити густариши коронавирус аз афзоиши иштиғолзоӣ ва коҳиши бекорӣ дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар барои 24 ҳазору 600 нафар иштиғол эҷод шуда ва мизони бекорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш як дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш 64 дарсади ин шуғлҳо баробари 15 ҳазору 500 шуғли эҷодшуда доимӣ аст.

Аз сӯи дигар 75 ҳазор нафар дар идораҳои марбут ба Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар охирҳои моҳи июл ба унвони ашхоси ҷӯёи кор сабтином кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш беш аз се дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Аммо коршиносони тоҷикистонӣ хисорати ворида ба иқтисоди ин кишвар дар паи густариши коронаиврусро сангин арзёбӣ мекунанд ва муътақиданд шуйюи коронавирус муҷиби таваққуфи фаолияти теъдоди зиёде аз марказҳои тавлидӣ ва саноатӣ ва бекории коргарон шудааст.

Ҳамчунин мақомоти Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон аз таваққуфи фаолияти 124 корхона дар шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар хабар додаанд.

Яке аз пайёмадҳои ногувори густариши коронавирус барои иқтисоди Тоҷикистон бозгашти ҳазорон коргари муҳоҷири бекоршудаи тоҷик аз Русия аст, ки муҷиби коҳиши 80 дарсадии интиқоли даромади ирсолии ин ашхос ба Тоҷикистон шудааст.

Барчасп