Август 25, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Далоили худдории Ҳизби сотсиал-демократӣ аз ширкат дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон далоили худдори ин ҳизбро аз ширкати интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр тавзеҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо радиои  спутник дар ин замина гуфт : аз тасмими Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демокротии Тоҷикистон барои худдорӣ аз ширкат дар интихоботи 11 октябр ҳимоят мекунам, зеро дар чунин шароит  пешниҳоди номзади ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ғайримумкин аст .
Ҳакимов гуфт : дар муддати кӯтоҳи 30 рӯзии ҷамъоварии 250 то 300 ҳазор имзои таъйид шудаи овоздиҳандагон барои сабти номи номзадҳо амалӣ нест .
Вай афзуд : аз сӯи  дигар беш аз як миллиону 500 ҳазор овоздиҳанда дар хориҷ ҳастанду 50 ҳазор узви ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар дохили кишвар ба ҳизби мухолифе ҳамчун сотсиал-демократӣ маҷоли фаъолият намедиҳанд .
Ҳакимов таъкӣд кард аз дидгоҳи Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон  тағйири замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ низ аз моҳи ноябр ба октябр ғайриқонӯнӣ аст .
Лозим ба зикр аст, ки ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон  интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2013-ро низ таҳрим карда буд .
Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  11 октябри 2020 баргузор мешавад .

Барчасп