Август 26, 2020 09:09 Asia/Dushanbe
  • Бозии дӯстонаи тимҳои футболи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ояндаи наздик

Тими миллии футболи Тоҷикистон барои бозии дӯстона муқобили Узбакистон омода мешвад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин дидор қарор аст рӯзи 3 сентябр дар Тошкант баргузор шавад.

Сармураббии тими Тоҷикистон Усмон Тошев аз 24 бозигар, аз ҷумла се дарвозабон, ҳафт ҳимоятгар, нӯҳ нимҳимоятгар ва панҷ ҳамлагарро ба тамрин даъват кард. 

Хабари дигар аз варзиши Тоҷикистон ин аст, ки рӯзи 27 август ба муносибати фарорасидани 29 солгарди истиқлолияти Тоҷикистон, ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорони пойтахт бо номи "зебоӣ, хирад ва қудрат дар варзиш аст" баргузор хоҳад шуд.

Ин ҷашнвора ба ибтикори кумитаи ҷавонон ва варзиши шаҳрдории Душанбе баргузор мешавад ва ҳадафи он зиндагии солим ва ҷазби ҷавонон ба варзиш аст.

Ҷашнвораи дӯстии ҷавонон ва варзишкорони пойтахт ду марҳила дорад ва байни донишҷӯёни донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои миёна баргузор мешавад.

Маросими хотимавии ҷашнвора 15 сентябр баргузор мешавад.