Август 26, 2020 14:55 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони Эрон - Тоҷикистон; шояд дар Душанбе

Федератсияи футболи Эрон аз тоҷикҳо дархости ду бозии дӯстона доштааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии варзиш  3, Федератсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар талош барои баргузории чанд бозии дӯстона барои тими миллии ҷавонони ин кишвар буд, аммо ҳамагирии вируси корона иҷроии ин барномаро ба чолиши ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Эрон дар аввалин бозӣ дар ҷоми миллатҳои Осиё рӯзи 4 октябр дар Тошкант ба масофи Узбакистон меравад.

Эрон дар бозиҳои баъдӣ бо тимҳои Индонезия ва Камбоджа мусобиқа хоҳад дод.

Қарор аст дар сурати мувофиқати Федератсияи футболи Тоҷикистон, эрониҳо пеш аз ҳузур дар Узбакистон роҳии шаҳри Душанбе шаванд ва ду бозии дӯстона бо тимҳои ҷавонони ин кишвар анҷом диҳанд.

Ҷоми миллатҳои ҷавонони Осиё октябри 2020 дар Тошкант баргузор мешавад ва 4 тиме, ки ба марҳилаи ниминаҳоии бозиҳо роҳ пайдо кунанд ба ҷоми ҷаҳонии ҷавонон суъуд хоҳанд кард.