Тасмимгирӣ дар бораи замони боз шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 26 Aug 2020 10:20:37 GMT )
Август 26, 2020 15:20 Asia/Dushanbe
  • Тасмимгирӣ дар бораи замони боз шудани масҷидҳо дар Тоҷикистон

Ситоди муқобила бо коронаи Тоҷикистон ба зудӣ дар бораи замони бозкушоии масҷидҳо дар кишвар тасмимгирӣ хоҳад кард.

Ба гузориши “Авесто”, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дини Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди баста будани масҷидҳо, анҷуманҳои динӣ ва ғайридинӣ, ки асосномаи онҳо дар кишвар сабт шудааст, метавонанд аз фазои масоҷид бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ истифода кунанд.

Масҷидҳои Тоҷикистон авоили марти имсол бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши вируси корона баста шуд.

Пас аз муддате бо тавваҷуҳ ба ин ки ҳеч таъйиди расмие дар хусуси вуҷуди бемории Ковид -19 дар Тоҷикистон вуҷуд надошт, масоҷид бозкушоӣ шуданд, аммо 18 аррел тибқи мусаввабаи Шӯрои уламои кишвар, масоҷиди Тоҷикистон дубора барои ҷилавгирӣ аз густариши корона баста шуд.

 

Барчасп