Август 26, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон, номзади Иттиҳоди синфии мустақили Тоҷикистон барои раёсати ҷумҳурӣ

Иттиҳоди синфии мустақили Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишварро ба унвони номзади ин ниҳод дар интихоботи раёсатиҷумҳурии 11 октябр пешниҳод кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин иттиҳодия, ки аз ҳаққи пешниҳоди номзад барои интихоботи раёсатиҷумҳурӣ бархӯрдор аст, дар баёнияи худ таъкид кардааст, ки далели пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ба унвони номзади ин ниҳод барои ширкат дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ, хадамоти вай дар барқарории сулҳу субот ва поён додан ба ҷанги дохилӣ, талош барои рушду пешрафти кишвар, тавваҷуҳи вижа ба ятимону маълулон, афроди бесарпараст ва хонаводаҳои ҷавон аст.

Интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистони 11 октябри соли ҷории 2020 баргузор мешавад.

 

Барчасп