Август 26, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Сарфи 115 миллион доллар барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон

Тоҷикистон барои бозпардохти қарзи хориҷии худ дар шаш моҳи нахусти имсол 115 миллион доллар ҳазина кардааст.

Ба гузориши “Авесто”, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол бо афзоиши ҳудуди 179 миллион доллар ба 3 миллиарду 96 миллиону 100 ҳазор доллар расидааст, ки баробар бо 36, 1 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Аз наздик ба 115 миллион долларе, ки барои бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол ҳазина шуда, 76 миллиону 500 ҳазор доллар бобати асли вомҳо ва беш аз 38 миллион доллар низ суди он маблағҳо будааст.

Ҳамакнун Тоҷикистон ба Бонки содироту воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар, ба Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, ба Бонки тавсеаи Осиё 287 миллион доллар ва ба Бонки тавсеаи исломӣ 132 миллион доллар қарздор аст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба сандуқҳои тавсеаи бархе аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс миллионҳо доллар бидеҳкор аст.

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад барои солҳои 2020 то 2022 як миллиард доллар вом аз хориҷ дарёфт кунад.

 

 

 

Барчасп