Шиносоии 34 бемори ҷадиди коронаӣ дар Тоҷикистон
34 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ шуданд.
Ба гузориши маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 26 август бо шиносоии 34 бемори ҷадиди мубтало ба корона, шумори мубталоён ба ин вирус ба ҳашт ҳазору 413 нафар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин шумори ҷонбохтагони Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 67 нафари қаблӣ эълом шудааст. Аз муҷмӯи мубталоён ба корона дар Тоҷикистон ҳафт ҳазору 214 нафар то кунун беҳбуд ёфтаанд ва беш аз ҳазор бемор ҳам дар хонаҳояшон таҳти муроқибати пизишкон дармон мешаванд.
Дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистони 76 нафар ба гумони ибтило ба Ковид -19 дар марокизи дармонӣ бистарӣ ва 35 нафар низ пас аз беҳбудӣ аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.