Баргузории ҳамоиши “Зан ва интихобот” дар Тоҷикистон
Ҳамоиши “Зан ва интихобот” дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Тоҷикистон ҳадаф аз баргузории ҳамоиш баррасии роҳҳои иштироки бештари занон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар ин ҳамоиш намояндагони Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, масъулони марказҳои таълимӣ ва ҳукуматҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Заррин Абдулмуинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт:Иштирок дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ нишонаи ҳисси масъулияти шаҳрвандон, хусусан занони Тоҷикистон аст.
Махфират Хидирзода- узви Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш гуфт: Шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунанд.