Баррасии сабабҳои афзоиши нархи ангур дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i56888-Баррасии_сабабҳои_афзоиши_нархи_ангур_дар_Тоҷикистон
Нархи ангур дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 27, 2020 05:34 Asia/Dushanbe
  • Баррасии сабабҳои афзоиши нархи ангур дар Тоҷикистон

Нархи ангур дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ду баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз сомонаи Вазорати кишоварзии Тоҷикистон нархи як кило ангур дар бозорҳои Суғд ҳоло ба 10 сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли гузашта панҷ сомонӣ зиёдтар аст.

Кишоварзони тоҷик мегӯянд, ки ғунучини ҳосили ангур имсол таҳти таъсири обу ҳавои номусоид сурат гирифта, ки боиси болоравии нархҳо дар бозорҳо шудааст.

Зайниддинов, як кишоварз  аз минтақаи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ки дар натиҷаи боронҳои шадиди баҳори имсол ҳосили ангур тақрибан 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Абдулазиз Муҳаммадзода-раиси идораи кишоварзии Суғд низ гуфтааст,ки агарчи имсол мизони боғҳои ангур 20 гектар бештар аз соли гузашта буд,аммо боронҳои шадид ва жола таъсири зиёде дар коҳиши ҳосил доштааст  

Дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Кони Бодом, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Исфара ва Панҷакент  навъҳои  гуногуни ангур парвариш карда мешаванд.

Тибқи омор, соли гузашта аз боғҳои вилояти Суғд 40 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки тақрибан 50 дарсади он ба Қазоқистон ва Русия содир шудааст.