Август 27, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Сохти фози дуюми ширкати тавлиди кисаҳои плейпропилен дар Суғд

Фози дуюми ширкати тавлиди кисаҳои плейпропилен дар минтақаи саноатии вилояти Суғд дар ҳоли сохт аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи минтақаи Суғд, бо баҳрабардорӣ аз фози дуюми ширкати тавлиди кисаҳои плейпропилени Суғд дигар ниёзе ба воридоти ин навъи киса барои бастабандии орд, оҳак, семент ва маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон нест.

Бо роҳандозии фози дуюм зарфияти тавлиди ширкат ба 60 миллион киса дар сол хоҳад расид.

Ҳамакнун дар фози аввали ин ширкат дастгоҳҳои тавлиди пластик, ресандагӣ, чоп, буриш ва лоясозӣ насб шуда ва 310 нафар низ дар ин кор мекунанд.

Пешбинӣ мешавад, дар шаш моҳаи нахусти имсол фози аввали ин ширкат 19 миллиону 418 ҳазор кисаи плейпропилен ба арзиши 21 миллиону 496 ҳазор соомонӣ тавлид кард, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 100 дарсад афзоиш доштааст.