Август 29, 2020 15:40 Asia/Dushanbe
  • Лағви маҳдудиятҳои донишҷӯёни тоҷикистонӣ ба Украина

Украина маҳдудиятҳои вуруди донишҷӯёни тоҷикистониро, ки дар пайи шуйюи корона эҷод шуда буд бардошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс. дар ҳоле ки ба далели шуйюи дубораи корона дар украина вуруди донишҷӯёни хориҷӣ ба ин кишвар мамнӯъ эълом шудааст, вале мақомоти Киев донишҷӯёни тоҷикистониро аз ин маҳдудиятҳо мустасно кардааст.

Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр қарор аст 30 август бо парвози вижае аз Душанбе ба мақсади Минск ва аз онҷо ба Киев атбои тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои Белорус ва Украина таҳсил мекунанд ба ин кишварҳо мунтақил кунад.

Тибқи эъломи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, шаҳрвандон метавонанд барои хариди билети парвоз ба намояндагиҳои ширкати Сомон Эйр муроҷиат кунанд ва ё тамос бигиранд.

Бар асоси ин иттилоия он даста аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам, ки акнун дар Белорус ва Украина ҳастанд бо як парвози вижа ба Тоҷикистон бозгардонад хоҳанд шуд.

Барчасп