Август 29, 2020 19:06 Asia/Dushanbe
  • 
Қонунӣ кардани бисёрҳамсарӣ, ваъдаи аҷиби номзади раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунӣ кардани бисёрҳамсарӣ барои мардонро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, раиси Ҳизби кишоварзӣ ва намояндаи парламенти Тоҷикистон Рустам Латифзода, ки аз сӯи ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 11 октябри соли 2020 пешниҳод шудааст, яке аз бандҳои барномаи худро додани муҷаввизи якчанд ҳамсарӣ ба мардон унвон кардааст.

Вай бо баршумурдани бархе аз масоили муҳим барои рушду пешрафти Тоҷикистон назири ҳалли ихтилофоти марзӣ, вуруд ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, маоф кардани бахши кишоварзии ин кишвар аз пардохти молиёт ва афзоиши ҳуқуқи муаллимон, мавзӯи қонунигардонии доштани якчанд ҳамсар барои мардонро низ матраҳ кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон ба далели доштани низоми сиёсӣ доштани якчанд ҳамсар барои мардон мамнӯъ аст ва муҷозоти зиндонро дар пай дорад.

Тарҳи чунин мавзӯе ба унвони  ваъдаи интихоботӣ токунун дар Тоҷикистон собиқа надоштааст.

Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Барчасп